Дар шимоли мамлакат барои истироҳати хонандаҳо 286 580 сомонӣ ҷудо мешавад
Мавсими истироҳати тобистона дар 19 лагери беруназшаҳрӣ шурӯъ гардид.
Оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2012 дар вилояти Суғд ситоди вилоятӣ таъсис дода шудааст, ки тибқи он нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсати маорифи вилоят, Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят, маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологии вилоят тартиб дода, барои иҷроиш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сохторҳои дахлдори он дастрас шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии Озодагон аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба гуфтаи манбаъ ситоди вилоятӣ оид ба таъмиру омода намудани лагерҳо, гулзору кабудизоркунии онҳо, барои хубтар ташкил намудани истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими соли ҷорӣ ва бештар ҷалб намудани хонандагон ба чорабиниҳои истироҳатӣ тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
«Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани истироҳати кӯдакон ҷудо шудани 286 580 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар давраи тобистони соли 2012 мувофиқи маълумотҳои пешакӣ ташкили 19 лагери беруназшаҳрӣ, 609 лагери наздимактабӣ, 20 лагери истироҳатӣ-меҳнатӣ, 372 лагерҳои солимгардонӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ 9-10 ва 64 лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ, варзишӣ-мудофиавӣ ба нақша гирифта шуда, дар онҳо 106939 нафар хонада фаро гирифта мешаванд»,-афзуд сарчашмаи хабар.