Ӯзбакистон чиниҳоро ба роҳандозии истеҳсолот дар Тоҷикистон водор мекунад
Тоҷирони чинӣ изҳороти ахири олимони амрикоиро дар мавриди он ки Тоҷикистон ба далели кӯҳҳои касногузараш аз нигоҳи иқтисодӣ барои Чин камаҳамият аст, инкор карданд.
Ясин Ниёз, мудири кулли ширкати чинӣ оид ба савдои беруна, ки «Яшин Интернешнл» унвон дорад, мегӯяд, ҳолати мавҷуда, ки Тоҷикистон ба бозори фурӯши молҳои тайёри чинӣ табдил ёфтааст, ба наздикӣ шикаста хоҳад шуд.
Ясин Ниёз, дар сӯҳбат бо Озодагон таъкид кард, ки соҳибкорони чинӣ бо таваҷҷӯҳ ба ашёи хоми Тоҷикистон ва кам кардани хароҷоти интиқоли молашон, аллакай кӯшиш карда истодаанд, истеҳсоли маҳсулоташонро дар худи Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Ба гуфтаи Ясин Ниёз, дар Чин бархилофи Тоҷикистон, ҳама вақт камбуди ашёи хом ва захираҳои табиӣ мавҷуд хоҳад буд. Ҳамчунин баъзе монеасозиҳои Ӯзбакистон зимни интиқоли бор, истеҳсоли мол дар Чину фурӯшашро дар Тоҷикистон камманфиат кардаст.
Дар ҳамин шароит Ясин Ниёз, Тоҷикистонро беҳтарин ҷой барои роҳандозии истеҳсолот ва интиқоли минбаъдаи маҳсулот ба дигар кишварҳои Осиёи миёна ва Афғонистон меҳисобад.