Догон: Ҳамла ба Эрон паёмади вайронгаре барои Исроил дорад
Раиси собиқи «Масад» бори дигар ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамла алайҳи таъсисоти ҳастайии Эрон, режими саҳюнистиро дохили як чанги минтақаӣ бо паёмадҳои вайронгаре барои ин режим хоҳад кард.
Хабаргузории Форс менависад, Муъир Догон ба рӯзномаи «Ядиъут Оҳорунут»-и Исроил
дар хусуси иқдоми низомии эҳтимолӣ гуфтааст: «Ҳамла содалавҳона ва гумроҳкунанда аст, ҳеч кас дар бораи ин ки 5 дақиқа баъд аз ҳамла чӣ рух хоҳад дод, ҳеч чиз намепурсад? 5 дақиқа баъд аз ҳамла мо як ҷанги минтақайӣ хоҳем дошт».
Раиси собиқи «Масад» ба таври доим ба мақомоти кишвараш дар бораи паёмадҳои вайронгари иқдоми низомии эҳтимолӣ алайҳи Эрон ҳушдор додааст.
Ахиран бисёре аз мақомоти аршади режими саҳюнисти низ иқдомоти бисёр зиёде дар бораи иқдоми низомӣ алайҳи Эрон матраҳ кардаанд.
Тумос Ор Пикиринг, сафири собиқи Амрико дар Тел Авив рӯзи 6-уми марти соли равон эълом кард: «Сарони се хадамоти итилоотии Исроил зоҳиран пешниҳоди ҳамлаи низомӣ алайҳи Эронро намедиҳанд».
Амрико, Исроил ва бархе аз ҳампаймонҳояшон ба таври доим Эронро ба дунбол кардании ҳадафҳои низомӣ дар барномаҳои энергии ҳастайӣ муттаҳам мекунанд ва ин дар ҳолест, ки Эрон яке аз имзокунандагони паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастайӣ (NPT) ва яке аз аъзои Ожонси байналмилалии энергии атомӣ (IAEA) аст, ки ҳақи густариш ва дастёбӣ ба энергии сулҳомези ҳастаиро дорост.