Кушта шудани мардуми осоишта дар Сурия
Аз ҷониби нерӯҳои содиқ ба президенти Сурия Башор Асад 83 нафар мардуми осоишта кушта шудаанд. Гуфта мешавад танҳо дар шаҳри Дарё миёни кушташудагон 9 зан ва 3 кӯдак будаанд.
Дар ин бора телевизиони France 24 бо такя ба маълумоти намояндагони мухолифин хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол бино ба маълумоти нерӯҳои мухолифини ҳукумати Сурия минтақаҳои аҳолинишин аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ мавриди тирборон қарор гирифтаанд. Бино ба навиштаи Deutsche Welle дар шаҳр теъдоди зиёди ярадорон дар ҳолати вазнин ба кӯмак ниёз доранд. Теъдоди кушташудагон аз шаҳри Хомсро ин расона 29 нафар муайян кардааст.
Ҳамчунин дар задухӯрд 28 асокири артиши Сурия низ кушта шудаанд.
Хабаргузориҳо аз вуруди теъдоди зиёди зархаридони қувайтӣ, ки аз тариқи хоки Туркия ба кишвар ворид мешаванд, хабар дода гуфтаанд, дар сарҳад барояшон яроқ ва ҳуҷҷати шаҳрвандии Сурия дода мешавад, то дар мавриди гаравгон афтодан ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ аз онҳо ҳамчун шаҳрванди кишвар ном бурда шавад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, яке аз кишварҳои асосии мухолифи мудохилаи низомӣ ба воқеоти дохилии Сурия рӯзи шанбе дубора изҳор дошт, ки ба ҳеч ваҷҳ тасмими Шӯрои амнияти СММ-ро оиди таҳримҳо ва дахолати низомӣ ба корҳои дохилии Сурия ҷонибдорӣ нахоҳад кард ва гуфт: “Чунин қарор метавонад ба натиҷаҳои сангину новгувор дар тамоми минтақаи Шарқи Наздик оварда расонад”.