Русия дар пайи беҳсозии муносиботи иқтисодиву иҷтимоӣ бо кишварҳои ИДМ
Дар Русия Раёсати назди президент оид ба муносиботи иқтисодиву иҷтимоӣ бо кишварҳои ИДМ, Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ созмон дода шуд.
Сомонаи Кремл менависад, раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин дар ин бора қарори махсус содир кардааст. Раёсати мазкурро собиқ муовини вазири тандурустии ин кишвар Юрий Воронов сарварӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ин тасмими раисҷумҳури Русия дар пайи чанд тасмими ахири раҳбарияти ин кишвар дар ҷодаи таъмини беҳзсозии муносиботи байни миллатҳои дохили Русия ва мардуми муҳоҷир дар ин кишвар ва аз байн бурдани шиддати ҳамдигарнофаҳмиву таҳаммулнопазирии байниҳамӣ сурат гирифтааст.