Сарвари ҳаракати миллатгарои "Русские" боздошт гардид
Дмитрий Демушкин, сарвари ҳаракати миллатгарои “Руссикие” ба мӯҳлати 6 шабонарӯз барои бе ҳуҷҷат идора кардани нақлиёт паси панҷара фиристода шуд.
Аммо ҷонибдоронаш боздошти сарвари ин ҳаракати миллатгароро ба изҳороташ дар хусуси ширкат дар ҳамойиши “Ҳаркати миллионҳо”, ки тасмим аст аз сӯи мухолифини ҳукумати Русия рӯзи 12 июн- Рӯзи Русия рабт додаанд.
Мақомоти пулис чанд муддат пеш Демушкинро аз хақи рондани нақлиёт барои 1 сол маҳрум карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Дмитрий Демушкин чанде пеш изҳор дошт, ки ҳазорон нафар миллатгароён дар ҳамойиши эътирозии мухолифин рӯзи 12-уми июн ширкат хоҳанд кард ва онҳо дар алоҳидагӣ зери парчамҳои фошистӣ ба майдон хоҳанд омад.
Дар ҳамин ҳол худи Демушкин аз боздоштгоҳи муваққатӣ аз тариқи телефон хабар додааст, ки бар асари дар боздоштгоҳ қарор доштанаш дар митинг ширкат карда наметавонад.