Боздошти як мақоми баландпояи комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ
Абдуллоҷон Шоҳназарови 44 сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ бо иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт дастгир карда шудааст.
Тавре ба Озодагон масъули дафтари матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо мансабдори комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ ва қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба маблағи 600 доллари амрикоӣ пора гирифтааст ва бо роҳи сохтакорӣ ба номи шаҳрванд Азиз Раҳмонови 27 сола, сокини кӯчаи Ҷ.Расулов билети ҳарбии қалбакӣ оиди аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ ба хизмати ҳарбӣ аз 14 -уми апрели соли 2006 даъват шуданаш ва дар мӯҳлати ду сол хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ адо намуданаш тайёр карда дода, ӯро аз хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ озод кардааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, зери тафтиш қарор дорад.