Зани ронанда пиёдагардро пахш кард
Сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар сабаби марги як пиёдагард шуд.
Тавре ба Озодагон дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, Ҷураева Манзура, соли таваллудаш 1971, сокини кӯчаи Маннонов-142-и ноҳияи Конибодом, ки сабукрави тамғаи «Деу-Сиело»-ро идора мекард, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Ленин, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Таваккал Исмоиловро зер намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди 47 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.