Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ 9,6 миллион $ медиҳад. Чаро?
Имсол барои пардохти қарзӣ Бонки Ҷаҳонӣ, ки калонтарин созмони молиявии қарздиҳандаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз буҷети кишвар ҷудо намудани 9 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ дар назар аст.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон аз ин миқдор маблағ 6,7 миллион доллар барои рӯйпӯш кардани қарзи асосӣ ва 2,9 миллионаш барои пардохти фоизҳо равона хоҳад шуд. Масъулини вазорати молия мӯҳлати қарзҳои додаи Бонки Ҷаҳониро 40 сол ва фоизи қарзҳоро 0,76 фоиз арзёбӣ карданд.
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ ҳудуди 2 миллиарду 138 миллиолн доллари амрикоиро ташкил додааст. Ба гуфтаи масъулини вазорати молия ин миқдор маблағ наздики 29,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил намуда, таҳдиде ба иқтисодиёти кишвар надорад.