Академик Шакурӣ ҳамроҳ бо ҳамсару писараш ба Эрон рафт
Муҳаммадҷон Шакурӣ, академики тоҷик барои муолиҷа ва истироҳат ба давлати исломии Эрон рафт.Тибқи иттилои пайвандони ӯ, ахиран бемории устод хурӯҷ карда, як ҳафтаи ахир дар касалхонаи Ибни Синои Душанбе табобат мегирифт.
Муҳаммадҷон Шакурӣ 87 сол дошта, чанд сол боз аз маризии гурда ранҷ мебарад.Ӯро дар сафар ба Эрон писараш Анвар ва ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ӯ аз моҳи ноябри гузашта то моҳи марти имсол нахуст дар Теҳрон ва сипас дар шаҳри Ню-Кассли Бритониё, ки писараш Анвар дар он ҷо зиндагӣ мекунад, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дошт.
Маврид ба тазаккур аст, ки академик Шакурӣ аз соли 1996 ба ин сӯ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон аст. Соли 2005 ӯ ба унвони "чеҳраи мондагор" дар Эрон баргузида шуд. Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳудуди 50 китоб дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва таърих, фарҳанг ва забон навиштааст. Китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"-и ӯ боиси шӯҳрати рӯзафзунаш гашта, он ҳанӯз дар аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф чандин маротиба ба нашр расидааст. Ҳамчунин, ду асари гаронарзиши ӯ: "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" аз таълифоти ахираш маҳсуб мегарданд.