Лавров: Мухолифи таҳдидҳои якҷониба ҳастем. Амрико ба мухолифони давлати Сурия силоҳ медиҳад
Ба гузориши хабарнигори сиёсати хориҷии хабаргузории Форс, Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия ду рӯз қабл аз ин дар нишасти матбуотии муштарак бо Алиакбар Солеҳӣ, бар мухолифати кишвараш бо ба коргирии таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон, таъкид кард ва таҳримҳои як ҷонибаро созанда ва мусбат надонист.
Вай дар хусуси изҳороти Ҳиллари Клинтон вазири хориҷаи Амрико дар бораи ин ки Русия чархболҳои низомӣ дар ихтиёри давлати Сурия қарор медиҳад, таъкид кард: қарордодҳои мо бо Сурия хилофи қавонини байналмилалӣ нест ва ин Амрико аст, ки аслиҳа дар ихтиёри мухолифони давлати Сурия қарор медиҳад.
Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба омодагии кишвараш барои баргузории конфронсе бо ҳузури 15 кишвар дар хусуси таҳавулоти Сурия, хотирнишон кард: мо хостори ҳимояти ҳамаи бозигарон ва тарафҳо аз иҷрои тарҳи Куфӣ Анон ҳастем.
Лавров бар таваққуфи ҳаргуна хушунат дар Сурия таъкид кард ва гуфт, ки мавзеъи Русия ва Эрон дар хусуси Сурия яксон аст.