Пирӯзии «Парвоз» ва «Регар ТадАз» бо ҳисоби калон
Бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин сабқат тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби калони 6:1 шикаст дод. Дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар майдони худ аз «Истаравшон»-и Истаравшан бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд.
Тими «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода бошад, дар майдони бар дастаи «Хайр»-Ваҳдат бо ҳисоби 5:2 дастболо шуд. Дар бозии охирони ин давр дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Ду бозии даври 11-ум, миёни дастаҳои ССКА «Помир» – «Энергетик» ва «Вахш» – «Равшан» аз вақти муайяншуда, ба мӯҳлати дигар гузаронида шудааст. Ин тасмим бино бар сабаби ширкат намудани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22) аз сар гирифта шудааст.
(Тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё Осиё (U-22) аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия ширкат мекунанд).
Бозиҳои дигари давр дар чунин вақт доир мешаванд:
Даври 12-ум
23 июн «Ҳосилот» - «Истаравшан»
«Истиқлол» - «Зарафшон»
24 июн «Хайр» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
Оғози бозиҳо соати 17:30