Бозгашти самбочиёни тоҷик бо пирӯзӣ. Аз Тошканди Ӯзбакистон
Самбочиёни тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи варзиш бо шаш медали тилло баргаштанд, аммо дар фурудгоҳи пойтахт кассе аз масъулин онҳоро пешвоз нагирифт.
Тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои варзишии Федератсияи байналмилалии гӯштини самбо аз 6-ум то 10-уми моҳи июни соли равон, бо иштироки варзишгарони 24 кишвари Осиё, мусобиқаи имсолаи қораи Осиё дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа ҳайати мунтахаби гӯштини самбои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадшариф Сулаймонов, устоди варзиши Итиҳоди Шӯравӣ, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии тими мунтахаби самбои ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Зимни як нишати хабарӣ дар Душанбе изҳор гардид, ки бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои зиёд варзишгарони тоҷик тавонистанд, ки дар ин чорабинии варзишӣ ҳунари хуб нишон диҳанд. Дар байни дастаҳои мунтахаби давлатҳои Осиё, ҳам миёни наврасон, ҳам ҷавонон, ҳам калонсолон ва инчунин дастаҳои духтарон ҳам дар ин се сину сол ширкат доштанд. Дар мусобиқи мазкур намояндагони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон байни мардон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Дар байни калонсолон бошад, Акмалиддин Каримов-барандаи дукаратаи чемпиони ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, ҷоизадори ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон дар ин мусобиқа аввалин бор дар вазни 57 кило миёни калонсолон баромад намуда, сазовори ҷойи аввал шуд. Дар байни ҷавонон паҳлавонон- Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комрон Устопиров дар вазнҳои худ ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Бобоҷон Зоиров ва Зайналобуддинов зинаи сеюмро ба даст оварданд. Дар байни наврасон бошад, Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон ва Қандилҷони Рустамзода сазовори ҷойи аввал шуданд.
- Дар ҳисоби даставӣ миёни наврасон ҷумҳурии мо ҷойи аввалро гирифт. Зеро аз 9 вазн дар 4-тои он ҷои аввалро ишғол намудем ва дар таърихи гӯштини самбо ин гуна муваффақият аввалин бор ба даст омадааст,-афзуд Маҳмадшариф Сулаймонов
Тафсилоти бештар дар ин мавзӯъ фардо ба нашр мерасад.