Мулоқоти Низомиддин Зоҳидов бо гурӯҳи кории САҲА
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати гурӯҳи кoрии САҲА оид ба буҷа ва мудирият, ки иборат аз 19 намояндаи кишварҳои иштирокчии ин созмон буд, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот, самтҳои асосии ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА, аз қабили таҳкими амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мудирияти сарҳад бо Афғонистон, ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодии ВАО ва мусоидат ба рушди устувори кишвар, мавриди ,баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.