Соҳибкорони тоҷик ба намоишгоҳи ЭКСПО омодагӣ мебинанд
Дар кохи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе муаррифии дувумин намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО «Хитой Авруосиё» бо иштироки васеи соҳибкорону коршиносон ва масъулини ниҳодҳои мухталифи кишвар оғоз гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Палатаи савдо ва саноат иттилоъ доданд, беш аз 250 соҳибкори ватанӣ, инчунин аъзоёни палата барои ширкат дар намоишгоҳи мазкур, ки дар назар аст, аз 1 то 5 - уми сентябри соли равон дар нохияи Мухтори Синчуан - Уйғури Хитой (Шинҷон) баргузор гардад, омодагӣ мебинанд. Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноат, зимни муаррифии намоишгоҳ тоҷирону соҳибкорони чиниро барои ҳамкории бештар ҷиҳати рушди тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Хитой даъват намуда, оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва моҳияти намоишгоҳи мазкур, ибрози назар намуд. Масъулини Палатаи савдо ва саноат мегӯянд, ширкатҳои чинӣ метавонанд, дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, фаъолияти имрӯзаи худро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшанд.