Намоишномаи ҳаҷвии "Лаку Пак" тайи ду ҳафта дар қаламрави Бадахшон
Дар Бадахшон ду ҳафта боз Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоишномаи ҳаҷвии "Лаку Пак"-ро пешкаши тамошочиён мегардонад.
Тавре ба Озодагон аз вазорати фарҳанг хабар доданд, ин намоишнома аз рӯи афсонаи машҳури "Лаку Пак" дар таҳияи Абдулҳафиз Қодирӣ ва Иброҳим Усмон пешкаш шудааст.Коргардон ва ба саҳнагузорандаи ин намоишнома ҳунарпешаи маъруф Бурҳонидин Раҷабов мебошад. Дар нақшҳои асосии «Лаку Пак»- ҳунарпешагони маъруф Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Аловуддин Абдуллоев баромад мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин намоишнома моҳе қабл дар ҷашнвораи театрие, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардида буд, мақоми аввалро сазовор гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки «Лаку Пак» намоишномаест, ки аз чандин унсур иборат мебошад. Дар он ҳам шеър ҳаст, ҳам мусиқӣ, ҳам фолклор, ҳам рақс, ҳам пантомима (намоиши бесадо) ва ҳам пародия (тақлид).
Пас аз ин намоишгоҳ дар назар аст, ки сафари навбатии ҳунармандони ин театр ба водии Рашт ба нақша гирифта шудааст.