Суғд: Дипломати норвегӣ дар шаҳри Хуҷанд
Сафири Норвегия дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Халворсен Даг Малмер ба маркази вилояти Суғд ташриф овард.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, ин дипломат нахуст аз Маркази бонувон «Гулрухсор», ташкилоти ғайридавлатии «Саодат», осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ ва аз майдони «Регистони Панҷшанбе» боздид намуд.
Ҳамзамон, Сафири фавқулодда ва мухтори шоҳигарии Норвегия ҷаноби Халворсен Даг Малмер дар шаҳру деҳоти Чоркӯҳ, Ворух ва Шӯроби шаҳри Исфара идома дошт. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо маблағгузории ин кишвар дар ҳаҷми 600 ҳазор доллари амрикоӣ барқарорсозии шабакоти оби ошомиданӣ ва обёрии ин минтақа таҷдид мегардад.
Имрӯз бошад, чунин мулоқотҳо нисбати дастгирии ташаббусҳои маҳаллӣ дар «Барномаи рушди иқтисодии деҳот» ба воситаи «Фонди боварӣ» ва гузоштани пайраҳаи офтобӣ дар ҷамоати Патари шаҳри Конибодом дар назар аст.