«Кайҳон» хонандаҳоро ба оғуш гирифт
Имрӯз, 21-уми июн Фарғатгоҳи «Кайҳон» дарҳои худро ба рӯйи фарзандони кормандони соҳаи авиатсияи кишвар боз кард.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, ки зимнан тасмим гирифта шуд, фароғатгоҳ дар се баст фаъолият намояд: «Барои кор мутахассисони варзида даъват шудаанд. Ҳайати педагогӣ аз 13 нафар иборат буда, сармуррабӣ, духтур, ҳамшираҳои шафқат, ошпазҳои пуртаҷрибаи касбӣ, кормандони техникӣ ба кор ҷалб карда шуданд».
Ба иттилои манбаъ дар басти аввал 170 нафар ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Аз ин теъдод 10 нафар аз тарбиягирандагони Хона-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав барои истироҳат ҷалб шудаанд.
Маъмурияти фурудгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони авиатсия тасмим гирифтаанд дар бастҳои дигар низ аз хона-интернатҳои ҷумҳурӣ фарзандони нафарони камбизоатро барои истироҳат ҷалб намоянд.
«21-уми июн фарғатгоҳ ба фаъолият шурӯъ кард ва дар назар аст, ки 23-юми июн маросими тантанавии кушодани расмии фароғатгоҳ гузаронида шавад. Чун анъана пас аз расман кушодан, фароғатгоҳ аз рӯи барномаи таътилии тартибдодашуда амал менамояд»,-афзуд манбаъ.