Мавлуда Султонзодаи Абдулло, рӯзноманигори тоҷик рӯзи гузашта дар шаҳри Теҳрон аз дунё даргузашт
Ҳабибулло Рабиев, шавҳари марҳум ба Озодагон гуфт, ки ҳамсараш аснои ташхиси дуюми тиббӣ дар беморхонаи касалиҳои саратони пойтахти Эрон соатҳои 8:30-и рӯзи гузашта вафот кардааст:
«Мавлуда тайи шаш соли ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва имсол беморияш авҷ гирифта, ахиран таҳти муроқибати пизишкон қарор дошт. Ӯ ба ҳайси аспирант дар донишгоҳи Теҳрон таҳсил мекард ва мавзӯи «Дин ва ҷомеа»-ро таҳқиқ мекард. Айни замон ҳамроҳ бо се духтараш дар Эрон ба сар мебурд».
Ёдрас менамоем, ин бонуи рӯзноманигор бо навиштаҳои ҷиддӣ ва интиқодиаш дар нашрияҳои мустақили аввали солҳои 2000-ум шӯҳрат ёфт. Таҳқиқоту таҳлилҳои Мавлуда Султонзодаи Абдулло асосан дар нашрияҳои «Рӯзи нав»-у «Нерӯи сухан» ба чоп мерасиданд. Матлабе, ки ӯро бештар шӯҳратёр кард, «Раҳмонов кист?» унвон дошт, ки тобистони соли 2004 дар ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» нашр шуд.
Барои силсилаи матлабҳояш аз ҷониби СММ ҷоиза низ гирифтааст.
PS: Мавлуда Султонзодаи Абдулло 21-уми декабри соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст. Муддате дар шӯъбаи умумии дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур фаъолият кардааст.
Бино ба қавли наздиконаш, қарор аст, ки рӯзи шанбе ҷанозаи ӯро аз тариқи ҳавопаймо ба Душанбе биёранд. Маросими дафн бошад, рӯзи якшанбе баргузор мешавад, аммо дар мавриди ҷойи ба хоксупории ӯ ҳанӯз мувофиқа нашудааст, ки зодгоҳаш-шаҳри Кӯлоб хоҳад буд ё Душанбе.