Кӯлоб: Ба духтурони фархорӣ- мошини «Ёрии таъҷилӣ»
Вазорати тандурустии кишвар барои ноҳияи Фархор 6-автомашинаи ёрии таъҷилӣ тақдим намуд.
Гуфта мешавад, ҳанӯз моҳи августи соли гузашта ҳангоми як сафари корӣ дар ин ноҳия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар замони ифтитоҳ ва ба истифода додани як дармонгоҳи замонавӣ иштирок намуда, ба табибони фархорӣ ваъдаи кӯмаки нақлиёти ёрии таъҷилӣ карда буд. Инак, бо гузашти 10 моҳ кӯмаки президент ба Фархор расид.
Дар ноҳияи Фархор 64 муассисаи тиббӣ фаолият намуда, ҳамагӣ танҳо дар беморхонаи марказии ноҳия як автомашинаи ёрии таъҷилӣ амал мекарду бас. Ҳамакнун, аз кӯмаки расида, ки воқеан нақлиёти нави замонавӣ будаву бо таҷҳизоти зарурии тиббии ёрии аввалиндараҷа муҷаҳҳаз мебошанд, беморхонаи марказӣ, дармонгоҳи нав ва 4 маркази саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъмин гардиданд.