Ҳалокати се нафар дар Искандаркӯли Айнӣ
Се нафар дар Искандаркӯл ғарқ шуд. Дар ин бора Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Озодагон иттилоъ дод.
Бино ба қавли ӯ, рӯзи гузашта (27 июн), тахминан соати 12:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нива» рақами давлатиаш АЕ 37-08 02 РТ , дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фондарё, мавзеи Кашапоти ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа намуда, бо 2 нафар мусофираш дар Искандаркӯл ғарқ мешаванд.
Наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, дар ҳайати 6 нафар бо сардории лейтенанти калон Саломов Ҷ соати 17:45 дақиқа ба маҳалли ҳодиса расида, ҷасади ғарқшудагонро то соати 18:30 дақиқаи ҳамон рӯз бароварда, ба намояндагони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ супориданд.