Ғорати як сарроф дар Душанбе
4300 доллари амрикоӣ аз як нуқтаи мубодилаи асъор ба яғмо рафт.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ин бора Абубакр Ҳозирови 23-сола, сокини кӯчаи Деҳи Боло, ки дар кӯчаи Шевченко-105 нуқтаи ивази асъор доштаааст, муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи Абубакр Ҳозиров, ду рӯз қабл аз ин, тахминан соати 15:00 дақиқа, шахси номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои иваз кардани пули тоҷикӣ ба хориҷӣ аз ӯ 4300 доллари амрикоӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Феълан, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткор чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ давом дорад.
Ёдовар мешавем, аввали моҳи равон (11-уми июн) ду шахси мусаллаҳ ба ду корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ки аз хонаашон дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе берун мешуданд, дарафтода, 90 000 доллар ИМА-ро тасарруф намуда буданд.