Аз худкунии сармоя дар Тоҷикистон наздики 40 фоиз коҳиш ёфтаст
Дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-май ҳудуди 1,1 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудаст, ки 33 фоизаш дар сохтмони иншооти электроэнергетикӣ сарф гардидаанд.
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар иншооти электроэнергетикӣ 385,9 миллион сомонӣ аз худ шудаст, ки 16 фоизи он ё 61,6 миллионашро қарзҳои хориҷӣ ташкил додаанд. Аз ҷумла дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун тайи панҷ моҳ 327,1 миллион сомонӣ сарф шудаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 19,5 миллион сомонӣ бештар аст.
Аммо дар бахши нақлиёту алоқа аз худкунии маблағҳо нисбати соли гузашта 55,3 фоиз коҳиш ёфта, 137,8 миллион сомониро ташкил додаст. Саҳми қарзи хориҷӣ дар маблағҳои азхудшуда дар соҳаи нақлиёт ба 87,2 фисад ё 120,2 миллион сомонӣ баробар аст.
Дар маҷмӯъ азхудкунии маблағҳо дар лоиҳаҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон нисбат ба панҷмоҳаи соли гузашта 39,2 дар сад кам шудаст.