EURO-2012: Испания қаҳрамони Аврупо
Мунтахаби Испания оид ба футбол унвони қаҳрамони Аврупоро ҳифз кард.
Дидори финалии мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо-2012 шаби гузашта, 1-уми июл дар варзишгоҳи шаҳри Киев баргузор шуд. Нахустин голи сабқат дар дақиқаи 14-ум зада шуд. Давид Силва, ҳамлагари Испания имкони хуби боз кардани ҳисобро аз даст надод. Баъдан, дар дақиқаи 41-ум Хордӣ Алба тӯби дуюми Испанияро ба нишон расонд. Нимаи дуюми бозӣ ҳам бо бартарии испаниягиҳо оғоз ва анҷом ёфт. Фернандо Торреар дақиқаи 84 ва Хуан Мата дар дақиқаи 88-ум ду тӯби дигарро вориди дарвозаи Италия карданд. Ҳамин тариқ дидор бо ҳисоби 4:0 поён ёфт.
Дар чор соли гузашта низ Испания унвони қаҳрамони Аврупоро соҳиб шуда буд.
Натоиҷи бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:
Гурӯҳи A
08 июн, 21:00 Лаҳистон - Юнон - 1:1
08 июн, 23:45 Русия - Чехия - 4:1
12 июн, 21:00 Юнон - Чехия - 1:2
12 июн, 23:45 Лаҳистон - Русия - 1:1
16 июн, 23:45 Юнон - Русия - 1:0
16 июн, 23:45 Чехия - Лаҳистон - 1:0
Мавқеи дастаҳо: Чехия 6 имтиёз, Юнон 4, Русия 4. Лаҳистон 2.
Гурӯҳи B
09 июн, 21:00 Ҳолланд - Дания - 0:1
09 июн, 23:45 Олмон - Португалия - 1:0
13 июн, 21:00 Дания - Португалия - 2:3
13 июн, 23:45 Ҳолланд - Олмон - 1:2
17 июн, 23:45 Португалия - Ҳолланд - 2:1
17 июн, 23:45 Дания - Олмон - 1:2
Мавқеи дастаҳо: Олмон 9 имтиёз, Португалия 6, Дания 3, Ҳолланд 0.
Гурӯҳи C
10 июн, 21:00 Испания - Италия - 1:1
10 июн, 23:45 Ирландия - Хорватия - 1:3
14 июн, 21:00 Италия - Хорватия - 1:1
14 июн, 23:45 Испания - Ирландия - 4:0
18 июн, 23:45 Хорватия - Испания - 0:1
18 июн, 23:45 Италия - Ирландия - 2:0
Мавқеи дастаҳо: Испания 7 имтиёз, Италия 5, Хорватия 4, Ирландия 0.
Гурӯҳи D
11 июн, 21:00 Фаронса - Англия - 1:1
11 июн, 23:45 Украина - Швейсия - 2:1
15 июн, 21:00 Украина - Фаронса - 0:2
15 июн, 23:45 Швейсия - Англия - 2:3
19 июн, 23:45 Швейсия - Фаронса - 2:0
19 июн, 23:45 Англия - Украина - 1:0
Мавқеи дастаҳо: Англия 7 имтиёз, Фаронса 4, Украина 3, Швейсия 3.
Чорякфинал
21 июн, 23:45 №1: Чехия - Португалия - 0:1
22 июн, 23:45 №2: Олмон - Юнон - 4:2
23 июн, 23:45 №3: Испания - Фаронса - 2:0
24 июн, 23:45 №4: Англия - Италия - 0:0 (2:4 - аз рӯи пеналтӣ)
Нимфинал
27 июн, 23:45 Португалия— Испания – 00 (2:4 – аз рӯи пеналтӣ)
28 июн, 23:45 Олмон - Италия 1:2
Финал
1 июл, 23:45 Испания - Италия -4:0