Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё (U-22) боз як бозияшро бохт.
Ин навбат футболбозони ҷавони тоҷик аз тими Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрданд. Ин сабқати даври чоруми гурӯҳи «С» буда, дирӯз, 1- уми июл дар варзишгоҳ «Ханг Ҷебат»-и шаҳри Малакаи Малайзия доир шуд.
Ёдрас менамоем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозӣ аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардида, дар дидори дуюм мунтахаби Малдивро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар бозии даври сеюм бошад, аз тими Қувайт бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3-юми июл, дар бозии даври панҷум бо тими Қатар вориди рақобат мешавад. Аммо натиҷаи ин бозӣ барои ба даври дигар рафтани онҳо нақше намебозад.
Эрон, ки 12 имтиёз дорад, новобаста аз натиҷаи бозии охир ба даври баъдӣ роҳхат мегирад. Дастаҳои Кувайт, Қатар ва Баҳрайн барои роҳхати дуюм талош меварзанд.
Мавқеи дастаҳои гурӯҳи «С» дар ҷадвали мусобиқоти U-22:
р/т
|
Тим
|
Б
|
Ғ
|
М
|
Б
|
Т
|
И
|
1
|
Эрон
|
4
|
4
|
0
|
0
|
12-1
|
12
|
2
|
Кувайт
|
4
|
3
|
0
|
1
|
4-1
|
9
|
3
|
Қатар
|
4
|
2
|
0
|
2
|
4-4
|
6
|
4
|
Баҳрайн
|
4
|
2
|
0
|
2
|
4-4
|
6
|
5
|
Тоҷикистон
|
4
|
1
|
0
|
3
|
3-5
|
3
|
6
|
Молдив
|
4
|
0
|
0
|
4
|
2-13
|
0
|