Вакилони шаҳри Душанбе иҷлосия доранд. Пас аз даҳ рӯз
Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми июли соли равон сурат мепазирад.
Тавре Шафқат Саидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе қарори марбутаро ба имзо расонид.
Манбаъ афзуд, иҷлосияи навбати соати 8 дар толори бинои КВД «Маркази равобити пойтахт» баргузор мешавад. Дар нишасти мазкур баррасӣ ва тасдиқи «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014», «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» ва як қатор қарорҳои раиси шаҳр дар назар аст.