Адвокат бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт гардид
Абдувалӣ Исматови 44-сола, сокини ноҳияи Панҷакент, собиқ адвокати ваколатдор бо гумони даст доштан дар фасод аз сӯи кормандони милисаи ноҳияи Ваҳдат дастгир карда шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, Абдувалӣ Исматов, рӯзи 26-уми майи соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд- Давлатбӣ Ҷалиловаи 55-сола, сокини деҳаи Лижаки ноҳияи Ваҳдат даромада, аз ӯ барои аз маҳбас озод намудани шавҳараш Ҷалолов Зайниддин ба маблағи 15.000 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.