Эмомалӣ Раҳмон президенти Беларусро табрик кард
Президенти Тоҷикистон унвонии ҳамтои беларуси худ барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии райисҷумҳури кишвар, сарвари Тоҷикистон, президенти Беларус- Александр Лукашенкоро ба муносибати солгарди истиқлоли он кишвар табрик гуфтааст. Дар нома аз ҷумла омадааст:
«Мўҳтарам Александр Григоревич!
Бо камоли мамнуният табрикоти худро ба муносибати солгарди иди миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо тақдим медорам.Кишварҳои моро робитаҳои қавии дўстона ва ҳамкориҳои самарабахш, инчунин кўшишҳои дуҷониба баҳри пойдории муносибатҳои тарафайн мепайванданд. Изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо саъю талошҳои муштарак ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус ривоҷу равнақ бахшида, онҳоро ҷавобгўи манфиатҳои бунёдии ҳар ду халқу давлат мегардонем. Мо азми қатъӣ дорем, ки барои роҳандозӣ намудани ҳадафҳоямон тамоми кўшишҳоро ба харҷ диҳем.
Дар ин рўзи фархунда ба Шумо, мўҳтарам Александр Григоревич, тансиҳатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуда, ба халқи дўсту бародари Белорус сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам».