Сардорони ШКД-и Панҷу Истиқлол аз вазифа сабукдӯш гардиданд
Бо фармони Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, аз ҷумла кормандони зерин: Нуралӣ Рашидов, полковники милитсия ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Додобек Назирбеков ба вазифаи сардори ШКД-и шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъйин шуданд.
Инчунин мутобиқи амри вазир Бомурод Раҳмонов қумандони полки моторикунонидашудаи милитсияи қӯшунҳои дохилии ВКД, Самад Сайфов сардори шӯъбаи корҳои дохилии дар нақлиётбудаи вилояти Суғд таъин гардиданд. Муҳаббат Абдуллоев бошад, аз ин ба баъд ба ҳайси сардори ШКД-и ноҳияи Нуробод фаъолият хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, полковники милитсия Шодмон Аҷиков аз вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Абдураҳмон Қурбонов аз мансаби сардори ШКД-и шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шуданд.