Гашничу зира ҳам маводи мухаддир эълон шуданд
Як ниҳоди назоратии Русия мавсум ба Роспотребнадзор зираро ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид кардааст.
Ҳамчунин, ба ин рӯйхат навъи дигари гашнич (петрушка) низ дохил шудааст. Дар ҳамин ҳол, директори Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир Виктор Иванов аз он ки чунин хушбӯиҳо аз савдо рӯзҳои наздик ғайб мезананд, нигаронӣ карда гуфтааст, чанд рӯз пеш оши палав, ки зира дошт, хӯрдааст, аммо ягон намуди мухаддиротро эҳсос накардааст. Шояд ин ҷо гап дар бораи ягон намуди махсусу алоҳидаи зира ва гашнич сухан равад, гуфтааст Виктор Иванов, сардори ХФНМ-и Русия. Дар ҳамин ҳол Роспотребнадзор 352 намуди растаниро ба рӯйхати сиёҳи маводи мухаддир ворид кардааст, ки миёни онҳо дар қатори гашничу зира ҳамчунин гулҳои ландиш, бойчечак ва дигар низ ҳастанд.Аммо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Русия гуфтааст, танҳо дар сурати тасдиқи он ки деҳқон парвариши ин намуди растаниро танҳо бо мақсади ба даст овардани маводи мухаддир ба роҳ монда бошад, метавон онро рустании дорои мухаддирот номид. Феълан фурӯши петрушкаву зира дар ин кишвар мамнӯъ эълон нашудааст ва дар савдои озод қарор дорад.