Журналистон меъёрҳои ахлоқиро меомӯзанд
Ташкилоти ҷамъиятии «ХОМА» дар мавзӯи «Риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ» дар идораи «Озодагон» барои як гурӯҳ хабарнигорони ҷавон тренинг баргузор кард.
Дар ин тренинг Сайидо Назаров, директори иҷроияи иттифоқи эҷодии «Афкори ҷомеа» ва Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс» ба хабарнигорон дарс гуфтанд.
Сайидо Назаров гуфт: «Мақсад аз баргузории ин трениг аз он иборат аст, ки хабарнигорони ҷавон ба риояи қонуни матбуот, одоби сухан ва ахлоқи журналистӣ аҳамияти хоса диҳанд то дар мавриди зарурӣ аз худ дифоъ намуда тавонанд ва маҳсули эҷодашон боиси сар задани иғво ва хархаша нагардад».
Иштирокчии тренинги мазкур Маҳинбонуи Холмурод, ровии барномаи варзишии «Далерон»-и ТВС мегӯяд, аз ин тренинг то андозае чизҳои навро аз бар намудааст. Маҳинбону гуфт: «Ман он чизеро, ки интизор будам то ҷое дарёфтам. Барои ман бештар машғулиятҳои амалӣ ҷолиб буданд».
Тренинги мазкур, ки субҳи имрӯз оғоз гардид, интизор меравад то соати 17:15 дақиқаи рӯз идома ёбад. Ин тренинг дар ду шакл, ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ ҷараён дорад.