Дар Кӯлоб шиносномаи хориҷӣ намедиҳанд
540 нафар аз сокинони минтақаи Кӯлоб, ки барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба хазина пешакӣ маблағ гузаронидаанд, беш аз 1 моҳ аст, ки шиноснома гирифта наметавонанд.
Ба қавли сардори шӯъбаи шиносномадиҳии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, подполковники милиса Гулмад Давлатов , иллат танҳо дар набудани шиносномаҳо будааст: «Шиносномаҳо дар чумҳурии Қазоқистон нашр мешаванд. Бо сабабҳои номаълум, беш аз 3 моҳ аст, ки чониби Қазоқистон барориши онро муваққатан қатъ намудааст. Аз 1-уми апрели имсол барои шӯъбаи мо дигар шиноснома ворид нагаштааст».
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, барои зарурбудагон ва хоҳишмандон шиносномаҳои биометрӣ дода мешавад. Аммо мутаасифона, тачҳизоти ин навъи шиноснома дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб набудааст. Онҳо метавонанд барои гирифтани шиносномаи биометрӣ ба маркази вилоят -шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат кунанд. Дар ҳоли ҳозир, дар шӯъбаи дар Кӯлоббудаи шиносномадиҳӣ ин навъи шиноснома дода намешавад.
Давлатов афзуд, дар нақша аст, агар то рӯзи 20-уми ҳамин моҳ мушкили дастрасӣ ба шиносномаи хориҷӣ ҳалли мусбӣ наёбад, дар Кӯлоб ҳам таҷҳизоти олмонии барориши шиносномаи биометрӣ ба роҳ монда мешавад.