Дар Душанбе се кӯча табдили ном кард
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе чанд масъалаи марбут ба шаҳрдорӣ ва вазхи иҷтимоиву иқтисодии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр, пеш аз ҳама бо ба инобат гирифтани хисоботи муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи «Ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010» дар нимсолаи аввали соли 2012, ҳамвора гузориши раисони Комиссияҳои доимии
Манбаъ афзуд, дар иртибот ба масъалаи пешбурди корҳои оммавӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, хизматрасонии коммуналию пардохти ҳаққи истифодаи онҳо аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалагузориҳо сурат гирифта, муқаррар гардид, баҳри беҳдошти ҳолати экологию санитарӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва тақвияти фарҳанги экологӣ дар шаҳр минбаъд ҳар рўзи чоршанбе дар ҳудуди корхонаву муассисаҳо новобаста аз тобеият ва шакли идоравӣ ва биноҳои истиқоматию шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт бо ҷалби роҳбарият ва кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ ва сокинони биноҳои истиқоматӣ «Соати экологӣ» бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва интихоби вақти мувофиқ, ки ба раванди коргузорию истеҳсолот халал ворид намекунад, ба таври ҳатмӣ баргузор карда шавад.
Дар иҷлосия аз ҷониби вакилон «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014» ва «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» тасдиқ карда шуда, баҳри ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” қабул гардид.
Ҳамзамон вакилон икдом намуданд, ки дар арафаи воридшавии ин моҳи пурбаракат ба маъюбон ва иштирокчиёни ҶВБ –и солҳои 1941-1945 аз шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ кўмаки якдафъаинаи моддӣ мерасонад.
Тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузаргоҳи якуми кўчаи Пионерскаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ҳунарпешаи халқии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова, кўчаи Привокзалнаяи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ва кўчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ номгузорӣ карда шуданд.