Тоҷикистону Озарбойҷон санаду унвонҳои илмии ҳамдигарро эътироф менамоянд
Рӯзи гузашта, 12-уми июл дар кохии Зугулбаи шаҳри Боку мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев баргузор шуд.
Тавре сомонаи расмии президенти Тоҷикистон менависад, дар нишаст масоили марбут ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ва сипас зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки захираҳои фаровони башарӣ ва табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи сармоягузории Озарбойҷон метавонанд, заминаи рушди бесобиқаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолии ду кишвар гарданд.
Илҳом Алиев ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда, ба зердастони худ дастур дод, ки доир ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва кам кардани тарифҳои роҳи оҳани Озарбойҷон баҳри афзун намудани ҳаҷми боркашонии мутақобила тадбирҳои фаврӣ биандешанд.
Пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури ҳар ду президент маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
- Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътироф ва баробарарзишии мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ;
- Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон;
- Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Донишгохи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Боку;
- Барномаи ҳамкории иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015;
- Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон;
- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Озарбойҷон;
- Ёддошти тафоҳум доир ба рушди ҳамкорӣ миёни КВД Ширкати алюминийи тоҷик (Талко) ва корхонаи алюминийи Озарбойҷон Азералюминий;
Ҳамзамон, сарони ҳар ду кишвар ҳамдигарро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз намуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев ва Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 мукофотонида шуданд.