Ҳалокати се нафар ва ба ҷарӣ рехтани 46 ҳазор литр сӯзишвории «АЗИЯ-ТРАНС»
Сониҳаи нақлиётӣ дар километри 150-уми ноҳияи Айнии вилояти Суғд мунҷар ба марги се нафар гардид.
Тибқи иттилои Маҳмадшариф Шамсов, масъули РБДА, рӯзи гузашта, 13-июл соати 08:30 ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ХУБЕЙ», Усмонқул Бекмуродови 65- сола, корманди ширкати «АЗИЯ-ТРАНС», аснои ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар километри 150-уми ноҳияи Айнии вилояти Суғд, бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста, аз самти ҳаракаташ баромада ба ҷарии чуқурияш 300 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, 46 ҳазор литр сузишвории дизелӣ ба замин рехта, худи ронанда ва мусофирони ӯ -Абдулмуъмин Бегмуродови 19- сола ва ноболиғ Кароматулло Соқиматови 16- сола, сахт ҷароҳат гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки аз аввали соли равон то ба имрӯз 648 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 189 нафар ҳалоку 694 тани дигар захм бардоштааст.