Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар Кӯлоб
Дар нимсолаи аввали соли чорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 корхонаи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин бора Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод. Бино ба иттилоъ, бори аввал аст, ки дар минтақа як хонуми соҳибкор корхонаи саноатӣ таъсис медиҳад. Гузашта аз ин, ҳамин хонум корхонаи истеҳсоли рангро ба роҳ мондааст, ки низ дар ҳудуди вилоят нахустин мебошад.
Инчунин 2 сехи нави саноатии истеҳсоли макарон ва маҳсулоти ширӣ ва дуғоба дар назди корхонаи нонбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Ба қавли ҷаноби Раҳмонов рӯзҳои наздик корхонаи мебелбарорӣ ва макаронбарорӣ бо таҳизоти нави муосири олмонӣ барои истеҳсоли 7 намуди макарон, ки мутахассисони олмонӣ насб карда истодаанд, ба фаолият оғоз хоҳанд намуд. «Инчунин, дар назар аст, ки корхонаи азими шишабарорӣ бо ибтикори як соҳибкор сохта шавад. Барои ин корхона майдони 1,5 ҳектор замин зарур аст. Дар ин маврид ба Кумитаи заминсозии чумҳурӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷудо намудани қитъаи замини обӣ муроҷиат кардаем ва боварӣ дорем, ки аз он ҷониб дастгирӣ меёбем. Ҳамзамон, бо мутахассисони ҷумҳурии Белорус барои бунёди корхонаи тракторбарорӣ гуфтушунид рафта истодааст», афзуд манбаъ.
Раҳмонов гуфт, ки ҳукумати шаҳр ният дорад дар қитъаи махсус сохтмони корхонаҳои саноатиро ба роҳ монад. Барои ин ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ҷудо намудани 5 ҳектор замини обӣ мактуб ирсол намудаанд.