Душанбе мизбони даври ниҳойии Ҷоми президенти АФК-2012
Тоҷикистон аз миёни Қирғизистону Камбоҷа ҳақи мизбонии даври финалии Ҷоми президенти АФК-2012-ро дарёфт кард.
Тавре ба Озодагон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз, 18-уми июл Тоҷикистонро ба сифати мизбон пазируфт. Ба ин тартиб даври финалии Ҷоми президенти АФК-2012 аз 24 то 30-юми сентябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ин бори дуюм аст, ки Тоҷикистон мизбони қисмати ниҳойии Ҷоми президенти АФК мешавад. Аз ин пеш соли 2009 даври ҳалкунандаи ин мусобиқа дар шаҳри Турсунзода гузаронида шуда буд. Он замон тими «Регар-ТадАЗ» дар бозии финалӣ дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод ва бори сеюм Ҷоми президенти АФК-ро ба худ ихтисос дод.
Барои Ҷоми президенти АФК дар соли равон ба ҷуз аз қаҳрамонҳои Тоҷикистон («Истиқлол») ва Фаластин («Ал-Аммари»), ҳамчунин «Дордой»-и Қирғизистон, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа, «Тайвань Пауэр»-и Тайбейи Чин ва «Омӯзишгоҳи Хон»-и Покистон рақобат мекунанд.
Барандаи Ҷом 50 ҳазор доллар мегирад.