«Тоҷик эйр» дар боздошти халбонҳои тоҷик дахолат надорад
Боздошти 11 халабони тоҷик аз тарафи мақомоти Ағонистон ба ширкати «Тоҷик эйр» ягон алоқа надорад. Ин баҳси ширкати «Supreme Food» ва ҳукумати Афғонистон мебошад.
Ин нуктаро Исмоил Ғаффоров, директори тиҷорат ва равобити байналмилалии ширкати «Тоҷик Эйр» иброз дошт. Номбурда, ки дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, овозаи боздошт шудани 11 нафарро беасос хонд: «Ман ҳамроҳи онҳо будам. Дар Афғонистон бе ягон мушкил, озодона гашту гузор мекарданд. Бо намояндагони амнияту авиатсияи граждании Афғонистон мулоқот доштем. Ҳамаи масъалаҳоро барасӣ кардем. Онҳо гуфтанд, ки ба ширкати «Тоҷик Эйр» ҳеч даъвое надоранд».
Исмоил Ғаффоров афзуд, ҳамаи ҳайати парвозӣ аллакай аз давлати ҳамсоя баргаштаанд. Директори тиҷорат ва равобити байналмилалии ширкати «Тоҷик Эйр» изҳори боварӣ кард, ки рӯзҳои наздик қазияи мазкур пурра ҳалли худро меёбад. «Мо ду чархболи ширкати «Тоҷик Эйр»-ро, ки дар фурудгоҳи Кобул нигоҳ дошта шудааст, бармегардонем»,-илова кард вай.
Ёдовар мешавем, тибқи хабарҳои расида 45 рӯз қабл намояндагони амниятии Кобул шиносномаҳои халабонҳои тоҷикро гирифта ва ҳамин чиз сабаби ба Душанбе баргашта натавонистани онҳо шудааст. Рӯзи 13-уми июл халабонҳо бо ҳавопаймои хатсайри Кобул-Душанбе ба ватан баргаштанд.