Бо иттиҳоми суиқасд ба ҷони муфтӣ чор нафар боздошт шудааст
Фарзияи аслии суиқасд ба ҷони муфтии Тотористон қазияи фиристодани мусулмонон ба Макка аст, гуфтаанд масъулини Кумитаи тафтишотии Русия.
Ҳамин ниҳод иттилоъ додааст, ки чор нафарро бо иттиҳоми суиқасд ба ҷони Илдус Файзов ва қатли ҷонишини ӯ Валиуллоҳ Яъқубов боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, дар амалиёти дастгир кардани муттаҳамин ба ҷуз аз Кумитаи тафтишотӣ ҳамчунин Хадамоти федеролии амнияти (ФСБ) ва Вазорати корҳои дохилӣ низ саҳм доштаанд.
«Бо иттихоми суиқасд райиси шӯрои директорони ширкати «Идел-Ҳаҷ» Рустам Гатаулини 57 сола, роҳбари ширкати «Вақф» Мурат Галлееви 39 сола, шаҳрвандон Айрат Шокирови 41 сола ва Азат Гайнуттинови 31 сола дастгир шудаанд»,-иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, тахминан соатҳои 11:00-и рӯзи гузашта бар асари таркиши мошини муфтии Тотористон ӯ ҷароҳати вазнин бардошт. Аз ин пеш дар пайи як суиқасди дигар субҳи дирӯз Валиуллоҳ Яъқубов, муовини муфтӣ дар даҳлези манзилаш бар асари чанд тир кушта шуд.