Нур Нуров ҳанӯз боздошт нагардидааст
Судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон-Нур Нуров , ки бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи додрасӣ бозхонда шуд, дар боздошт қарор надорад.
Дар ин бора ба расонаҳо Фаттоҳ Саидов, директори Агентии мубориза бо коррупсия ва назорати амволи давлатӣ иттилоъ додааст. Ба қавлӣ ӯ, айни замон парвандаи Нур Нуров мавриди тафтиш қарор дорад ва ҳанӯз зарурате барои боздошти ӯ пеш наомадааст.
Гуфтанист, Нуров тибқи моддаи 4 банди 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон "дар қаллобӣ дар ҳаҷми калон" муттаҳам мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди райисҷумҳур ваколатҳои Нуровро дар вазифаи додраси Додгоҳи Олӣ боздошт. Тахмин меравад, ки ин иқдом дар чаҳорчӯби тафтишоти парвандаи "исфарагиҳо" гирифта шудааст.
Нур Нуров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, собиқаи наздики 30-солаи корӣ дорад. Номи ӯ пас аз он расонаӣ шуд, ки аз моҳи июли соли 2008-ум то моҳи июни соли 2009-ум муҳокимаи парвандаи ҷиноии 33 сокини Исфараро бар ӯҳда дошт ва бо имзои ӯ ин афрод аз 10 то 25 сол равонаи зиндон шуданд.