Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар вақти бақайдгирии чиптаҳои хатсайри Душанбе – Екатеринбург бо гумонбарӣ дар интиқоли қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ шаҳрванди 33-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Гумонбаршуда ба Агентӣ оварда шуд ва аз меъдаи вай бо роҳи табиӣ 66 дона ғилофак бо маводи нашъадори навъи афюн гирифта шуд. Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда яке аз иштирокчиёни аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб мебошад.
Дар пайи ташкил ва гузаронидани чораҳои иловагӣ ба кормандони Агентӣ муяссар гардид, 2 нафар ташкилкунандагони ин ҷиноятро, ки вайро пайваста бо маводи нашъадор таъмин мекарданд, муайян ва дастгир намоянд.
Ҳамин тариқ, кормандони Агентӣ тавонистанд боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро муайян ва дастгир намоянд, ки мехостанд маводи нашъадорро аз кишвари мо ба Русия интиқол диҳанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур шӯъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 200 қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 қисми 2 (қочоқ) Кодекси ҷинояти Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.