Шариф Раҳимзода: «Мо набояд вобастаи Русия бошем»
Ҳукумати Русия созишнома дар хусуси бекор кардани боҷи содиротии сӯзишвориро, ки 5 моҳ кабл миёни вазоратҳои иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Русия ба имзо расида буд, қабул накард.
Дар ин бора Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар зимни як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Тибқи созишномаи мазкур ба Точикистон 170 хазор тон бензин, 132 хазор тон сӯзишвории дизели бе пардохти боҷи содиротӣ бояд ворид мешуд. Номбурда қайд намуд, ки сабаби қабул накарди ҷониби Русия барояш маълум нест ва инро аз ҷониби Русия пурсидан лозим. Вай аз ҷумла таъкид кард: «Дар ҳақиқат мо тавозуни энергетикӣ, омилҳои энеркетикиро имзо кардем, гап сари ин аст, ки тавозун имзо карда шуд, мувофиқа карда шуд ва тибқи тартиби мукараргардида бояд, ки ҷониби Русия қарори дахлдорро оид ба бекор кардан боҷи содиротӣ дар хусуси воридоти сузишворӣ қабул мекард, ки мутаасифона қабул накард. Сабабашро аз онҳо пурсед мо гуфта наметавонем». Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар робита ба ин илова намуд, ки баъди таҳлилҳо ба хулосае омадаанд, ки чунин имтиёзҳо он қадар ба Тоҷикистон лозим ҳам нест. Ҷаноби вазир фазуд: «Мо бояд фақат аз Русия вобаста набошем. Пештар 92% сӯзишворӣ аз Русия ворид мешуд ва ҳар вақте, ки мехостанд қатъ мекарданд. Имрӯз аллакай ҳиссаи Русия дар воридоти сӯзишвориӣ кам шудааст. Яку якбора 42% болобурдани боҷҳои гумрукӣ дар соли 2011 ба нархҳои дохилӣ бисёр таъсир расонид, вале имсол вазъ мӯътадил шудааст. Мо хоҳем нахоҳем ин ҳама дастгириҳо муваққатӣ аст. Ҳукумати Русия созишномаро тасдиқ накард, вале аз ин бозори мо аз сузишворӣ кам нашудааст».
Шариф Раҳимзода иброз дошт, ки агар дар бозори ҷаҳони арзи вуҷуд дошта бошему хоҳем, ки муносибатҳо баробар бошанд ва дар гуфтушунидҳо тавонем манфиатҳои худро ҳимоя кунем, бояд дар ягон самт имтиёз нахоҳем.