Рӯзҳои ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар Лондон маълум гардид
Нахустин намояндаи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл ба майдон мебарояд.
Дар ин бора ба Озодагон, Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумиати миллии олимпии кишвар, ки айни замон дар Лондон қарор дорад, иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, варзишгарони тоҷик дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, ки дар 7 риштаи варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд, рӯзҳои зерин ба майдон мебароянд:
28-уми июл
Анвар Юнусов, боксчӣ дар вазни 56 кг
Собирҷон Назаров, боксчӣ дар вазни 75 кг
30-юми июл
Расул Боқиев, дзюдочӣ дар вазни -73 кг
Ҷаҳон Қурбонов, боксчӣ дар вазни -81 кг
1-уми август
Парвиз Собиров, дзюдочӣ дар вазни -91 кг
Катерина Измайлова, шиноварӣ
3-юми август
Дилшод Назаров, гурзпартоӣ
Владислава Овчаренко-давидан
5-уми август
Мавзуна Чориева,боксчӣ дар вазни 60 кг
10-11-уми август
Алишер Гулов, таэквондо-WTF
Фарҳод Неъматов, таэквондо- WTF
Николай Ноев, гӯштини тарзи озод дар вазни 55 кг
Юсуф Абдусаломов,гӯштини тарзи озод дар вазни 84 кг
12-уми август
Зелимхон Юсуфов, гӯштини тарзи озод дар вазни 66 кг
Искандари Рустам, гӯштини тарзи озод дар вазни 96 кг