Кӯлоб: Боздошт ва мусодираи 82 кило маводи мухаддир дар Ҳамадонӣ
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ иттилоъ доданд.
Ба қавли ҷаноби Ятимов, сардори шӯъбаи мазкур, танҳо дар моҳи май дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони ин шӯъба, аз манзили зисти як сокини ноҳияи мазкур зиёда аз 65 килограм маводи мухаддир, ки беш аз 37 килоашро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медод, ёфт ва мусодира карда шуд: « Гузашта аз ин, аз хамин қочоқчӣ 3572-дона таблеткахои нашъадор ва мадхушкунанда дарёфт гардидаст»
Дар ҳамин ҳ ол, тайи шаш моҳи соли равон кормандони милисаи Ҳамадонӣ 5 далели қочоқи маводи нашъадорро кашф карда, дар маҷмӯъ зиёда аз 82 килограмм маводи мухаддиро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудаанд