Муродали Тешаев, шореҳи варзиш аз Лондон гузориш медиҳад
Имрӯз, (30-юми июл), ду варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Лондон ҳунар- намоӣ мекунанд.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз макони баргузории мусобиқот ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода афзуд: « Расул Боқиев дар вазни то 73 кило дар риштаи дзюдо дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Даниел Виллямс намояндаи Бритониёи Кабир қувваозмоӣ мекунад. Муштзан Ҷаҳон Қурбонов бошад, дар вазни то 81 кило дар даври 1/16 ниҳоӣ бо Яхия Элмекагари, намояндаи Тунис вориди сабқат мешавад»
Гуфта мешавад, рӯзи аввали мусобиқот варзишгарон барои 12 маҷмӯи медалҳо, чаҳор маҷмӯъ дар шиноварӣ, ду маҷмӯъ дар тирандозиву дзюдо ва як маҷмӯи медалҳо дар риштаҳои камонварӣ, велосипедронӣ, шиноварӣ ва вазнабардорӣ қувваозмои карданд. Дар ин миён ду варзишгари тоҷик, тирандоз -Сергей Бабиков ва муштзан -Собирҷон Назаров қувваозомӣ карданд. Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз мақоми 44-умро соҳибӣ кард. Дар сабқати бокс бошад, дар даври 1/16 ниҳоӣ кори Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто (Намибия) аз рӯи холҳо ё аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 8:11 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
Ҳамин тариқ варзишгарони 19 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Чин бо 6 медал, чор тилло ва 2 биринҷӣ пешсаф аст. Италия 5 медал- ду тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда дар ҷои дуюм аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 5 медал- 1 тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ дар зинаи сеюм аст. Бразилия ва Кореяи Ҷанубӣ, ки се медалӣ ба даст овардаанд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор доранд. Австралия, Қазоқистон ва Русия бошанд, як медалии тилло гирифта, зинаҳои 6-8-умро гирифтанд.