Алла махфигоҳи маводи нашъадорро ошкор кард
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар доираи амалиёти «Кӯкнор- 2012» кормандони раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар вилояти Хатлон бо ёрии саги хизматии ҷустуҷӯӣ бо лақаби «Алла» доир карданд, дар ноҳияи Шӯрообод як махфигоҳи маводи нашъадор ошкор гардид.
Тавре ба Озодагон аз агентии мазкур хабард доданд, зимни амалиёти мазкур дар минтақаи байни деҳаҳои Кишти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод аз махфигоҳи махсуси таҷҳизотонидашуда 7 халта маводи пресскардашудаи алафмонанди бӯи махсусдошта ёфт ва мусодира кардаанд.
Манбаъ афзуд, дар пайи ташхиси мутахассисони шӯъбаи ташхиси судии раёсати АНМН дар вилояти Хатлон муайян шуд, ки маводи мусодирашуда воситаи нашъадори гурӯҳи канабис буда, вазнаш бештар аз 101 килоро ташкил медиҳад.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии раёсати агентӣ бо моддаи 200 қисми 4 банди «г» (нигоҳ доштан ва фурӯхтани ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми ниҳоят калон) ва моддаи 289 қисми 2 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
«Айни замон аз ҷониби кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Афғонистон ҳаракатҳои зарурии оперативӣ-тафтишотӣ барои ошкор сохтан ва дастгир намудани шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур алоқаманд мебошанд, гузаронида мешавад»,-афзуд манбаъ.