Сироҷиддин Валиев: Дар Душанбе мавқеи тиҷоратӣ надорем
Масъулини Иттифоқи Тоҷикматлуботи Тоҷикистон нақши муассир надоштанашонро дар танзим ва коҳиш додани нархи маҳсулот ба надоштани нуқтаҳои фурӯш ва бозор дар пойтахт марбут медонанд.
Сироҷиддин Валиев, раиси иттифоқи мазкур мегӯяд, дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ як корхонаи консерва доранду халос: «Мо ҳар сол дар ҳамон бозори Шоҳмансур ҷой доштему савдо мекардем, имсол моро намонданд. Дар бораи шаҳри Душанбе чизе гуфта наметавонам, вале нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, ки таъмини савдоро ба души соҳаи матлубот гузоштаанд, мо онро ба хубӣ ба танзим медарорем».
Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷиҳати ба танзим даровардани бозори маҳсулоти гизоӣ ва рушди соҳаи матлубот беш аз 6 ҳазор гектар замин ва 76 хоҷагии ёрирасон дар ихтиёр дорад. Вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ин миқдор замин ва хоҷагиҳои ёрирасон барои танзими нарху наво кофӣ набуда, ин ниҳодро зарур аст, майдонҳои кишташро васеъ намояд.