Гул Шералӣ «лимити тобистона»-ро натиҷаи садамаҳо гуфт
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон сабаби асосии қатъи интиқоли барқ ба мардум ё ба истиллоҳ «лимити тобистона»-ро хунукназарии кормандони ширкати «Барқи тоҷик» унвон кард, ки ду садамаи калонро ба бор овардаст.
Вазири энергетика дар мавриди шикояти мардуми ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор оид ба қатъи нерӯи барқ мегӯяд, «дар ин минтақа як зеристгоҳи 500 кВ ба садама дучор гардид ва корҳо барои барқарор намудани он қариб як моҳ кашол ёфт». Ба қавли Гул Шералӣ барои тафтиши садама комиссияи махсус таъсис ёфта, натиҷаҳои он ба ҳукумат пешниҳод шудаанд. «Ҳозир шабакаҳои барқӣ пул ҷамъ карда истодаанд, то зеристгохи нави 500 кВ бихаранд»,-афзуд номбурда.
Ин дар ҳолест, ки ҳолдонҳо мегӯянд, дар минтақаи Регар якбора ду зеристгоҳи калон ба садама дучор шудааст. Вазири энергетика ва саноат ҳам ин хабарро тасдиқ карда афзуд, ки садама дар яке аз ин зеристгоҳҳо он қадар бузург набуд ва таи 2-3 рӯз барқарор гардид. Вазир мушкили асосиро садамаи зеристгоҳи дуюм гуфт, ки кор болои он як моҳ тул кашид.
Қатъкунии нерӯи барқ бо далели садамаҳо сурат мегирад, ки ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат дар шаҳру ноҳияҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Вай сабаби афзоиши садамаҳоро, ки ба мардуму корхонаҳо зарар меоранд хунукназарии кормандони «Барқи тоҷик» номид: «Сабаби садамаҳо дар зеристгоҳҳо беназоратии «Барқи тоҷик» аст. Саривақт ташхис нагузаронда истодаанд».