Шаҳрдорӣ: Нархи сӯзишворӣ бояд коҳиш ёбад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ супориш дод, ки нархи бензин ва газро арзон кунанд.
Мири пойтахт дирӯз (6-08-2012) аснои мулоқоти навбатиаш бо соҳибкорону тоҷирон масъулини ширкатҳои сӯзишвориро аз қабили «Газпром» ва «Умед 88»-ро таъкид кард, ки як литр бензини навъи 92-ро бо арзиши на бештар аз 6 сомонӣ ва гази моеъро бошад, бо нархи 2 сомону 20 дирам ба фурӯш гузоранд.
То ин замон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт як литр бензини навъи 92 ҳудуди 6 сомону 40 дирамро ташкил медод.
Хабарнигори Озодагон субҳи имрӯз ба манзури санҷиши супориши шаҳрдорӣ аз се нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дидан кард. Аммо дар ҳамаи ин мавзеъхҳо мисли рӯзҳои қаблӣ нархи бензини АИ-92 6 сомону 40 дирам буду фурӯшандагон роҳат онро ба савдо мезаданд.