Эъзоми мошинҳои зереҳии зиддимини артиши Туркия ба марзи Сурия
Артиши Сурия дар идомаи таҳаррукоти ягонҳои зиреҳӣ дар тӯли навори марзии ин кишвар бо Сурия, ҳафт дастгоҳ мошини зереҳии зиддимини худро ба минтақаи Кубон, дар навори марзии Сурия равона кард.
Ба гузориши дафтари хабаргузории Форс дар Туркия, фармондеҳии бригадаи 20 зиреҳии Шон Ли урфои Туркия, корвоне муташккил аз ҳафт дастгоҳ мошини зиреҳии зидди мин ба ҳамроҳи теъдоди зиёди нирӯи низомӣ бо таҷҳизоти комили ҷангиро ба сӯи марзи Сурия равона кард.
Манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, ки 8 мошини зиреҳии зидди мин дар нуқтаи сифри марзӣ, дар минтақаи Кубонӣ мустақар шудаанд.
Мошинҳои зиреҳии зидди мини "курпи" (хорпушт)-и артиши Туркия қобили монёвр дар ҳар гуна заминҳои сахт ва ғайри қобили дастрасро дошта ва таҳти ҳаргуна шароити обуҳавоӣ ва иқлимӣ, қобили истифода аст. Яке аз фармондеҳони мустақар дар марзи Сурия гуфт, муҳимтарин вижагии ин мошинҳо, ки қобилияти бурдани 13 сарнашинро дорост, муқовимат дар баробари инфиҷори мин ва таҳдидоти рaкeтӣ аст.